- ихтиёр
- [اختيار]а1. баргузидан, интихоб кардани чизе аз чизҳо; ихтиёр кардан баргузидан, интихоб кардан, хостан (чизеро)2. майл ва ирода дар анҷом додани коре, озодии амал; муқоб. иҷбор3. ҳаққи идора ва саришта кардани коре; ба ихтиёри… ба майли…, ба хоҳиши…; ба савобдиди…; ба ихтиёри худ бо майл ва савобдиди худ; ба сари худ; дар ихтиёри худ ба дасти худ, дар тасарруфи худ; ихтиёр доштан ҳақ доштан ба иҷрои коре, соҳибихтиёр будан; ба ихтиёри касе мондан ҳалли масъаларо ба савобдиди касе ҳавола кардан; ба ихтиёри худ будан дар рафтор ва кирдор озод ва мухтор будан, ба сари худ будан; ба ихтиёри касе гузаштан ба тасарруфи касе даромадан, ба тобеияти касе даромадан; ихтиёр(ро) аз даст додан лаҷоми идора кардани худро аз даст додан; худро гум кардан; ихтиёр ба дасти бахтиёр (зарб.)ҳар кас дар кори худ, дар ҳалли тақдираш мустақил ва озод аст
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.